Савол № 00458

Мехостам донам, ки агар дар вақти саҳархӯрӣ дар хоб монӣ, барои гирифтани рӯза чӣ бояд кард?

Савол:

Ассалому алайкум! Мехостам донам, ки агар дар вақти саҳархӯрӣ дар хоб монӣ, барои гирифтани рӯза чӣ бояд кард?

Саволдиҳанда:Насрулло.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо ба рӯза гирифтан тавон доред, дар ин ҳолат рӯзаатонро пурра кунед, рӯза бе кароҳият адо мешавад. Вале агар аз ҷиҳати гуруснагӣ ва ташнагӣ рӯзаатонро хӯрдед, қазо лозим мегардад, вале каффорат надорад, яъне баъди Рамазон фақат ҳамон рӯзро қазо медореду бас. (“Фатовои Раҳимӣ”, ҷ. 7, с. 246).

2016-06-12
4180
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44