Савол № 00467

домуллои меҳрубон. Ду суол дорам: 1. Хондани таровеҳ барои занҳо мумкин аст, агар бошад, чӣ гуна хонда мешавад? 2. Агар шахсе хоҳад, ки бо дӯстдоштааш никоҳи пинҳонӣ намояд, бо сабаби он ки то вақти тӯй дар гуноҳ шарик нашавад, Ислом рухсат медиҳад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, домуллои меҳрубон. Ду суол дорам: 1. Хондани таровеҳ барои занҳо мумкин аст, агар бошад, чӣ гуна хонда мешавад? 2. Агар шахсе хоҳад, ки бо дӯстдоштааш никоҳи пинҳонӣ намояд, бо сабаби он ки то вақти тӯй дар гуноҳ шарик нашавад, Ислом рухсат медиҳад?

Саволдиҳанда:Суннат.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. 1. Хондани намози таровеҳ на танҳо барои мардон суннат аст, балки барои занон низ суннат мебошад. Занон монанди мардон баъд аз намози хуфтан рост истода бист ракъат намоз мехонанд ва дар миёни ҳар чаҳор ракъат каме нишаста истироҳат мекунанд. Агар онҳо дар хонаҳои худ ба танҳоӣ хонанд, бекароҳат аст, яъне аҷраш зиёд аст. 

2. Агар ақди никоҳ дар ҳузури ду шоҳид сурат гирад, дуруст мегардад, хоҳ ба тарзи пинҳонӣ баста шавад, хоҳ ба тарзи ошкор, аммо агар ба маслиҳат ва машварати волидайн баста шавад, беҳтару бобаракат мебошад.

2016-06-14
3613
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57