Савол № 00472

Домуллои азиз, оё мумкин аст, ки никоҳи пинҳонӣ кунӣ?

Савол:

Домуллои азиз, оё мумкин аст, ки никоҳи пинҳонӣ кунӣ?

Саволдиҳанда:Зебо.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, агар ақди никоҳ дар ҳузури ду шоҳид сурат гирад, дуруст мегардад, хоҳ ба тарзи пинҳонӣ баста шавад, хоҳ ба тарзи ошкор, аммо агар ба маслиҳат ва машварати волидайн баста шавад, беҳтару бобаракат мебошад, зеро аксари кулли нафаронеро, ки бидуни машварат ва ризояти волидайнашон никоҳ мебанданд, мебинем, ки онҳо оқибат дар зиндагии худ ноком мегарданд. Гузашта аз ин, волидайн бо садҳо орзу фарзанд калон мекунанд, то рӯзҳои хурсандиашонро бубинанд. Дар таҷриба мебинем, ки фарзанди чунин инсонҳо волидайни худро бениҳоят озор медиҳанд. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар зане, ки бидуни ризояти волидайнаш издивоҷ кунад, никоҳаш ботил аст». Ҳамчунин агар зане бидуни ризояти волидайнаш издивоҷ намояд ва шавҳараш ҳамто ва муносиби ӯ набошад, дар ин сурат никоҳи онҳо тибқи ривояти Ҳасан ибни Зиёд аз Имоми Аъзам (р) ботил аст. Чунончи дар китоби «Фатҳу бобил-иноя», ҷ. 2, с. 364 омадааст: «Дар ривояти дигаре никоҳи зан бо ғайри куфваш (яъне фарди ба ӯ номуносиб) ботил аст. Дар «Фатовои Хонӣ» меорад, ки ин ҳукм саҳеҳтар буда, ба фатво муносиб аст». Пас, хоҳари азиз, шумо коре накунед, ки сабаби нокомӣ ва бадбахтиатон гардад, балки ба сухани волидайни худ гӯш фаро диҳед, умед аст, ки ба саодату хушбахтӣ ноил шавед.

2016-06-20
3121
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38