Савол № 00474

Агар дар қироати Қуръон якчанд ояти саҷда ояд, як бор саҷда кардан кофӣ аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар дар қироати Қуръон якчанд ояти саҷда ояд, як бор саҷда кардан кофӣ аст?

Саволдиҳанда:Азиза.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар Қуръони маҷид чордаҳ ояти саҷда аст. Агар дар як маҷлис ҳамаи онҳо хонда шаванд, чордаҳ саҷдаи тиловат воҷиб мешавад, аммо агар яке аз онҳо дар як маҷлис борҳо хонда шавад, танҳо як саҷда воҷиб мешавад. Агар яке аз онҳо дар якчанд маҷлис хонда шавад, ба теъдоди он маҷлисҳо саҷдаи тиловат воҷиб аст.

2016-06-21
3098
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38