Савол № 00476

Шаб баъд аз ҳамхобагӣ ғусл накарда, хоб равӣ, сипас саҳар ғусл кунӣ, раво аст? Ё ки шабонгаҳ баъд аз ҳамхобагӣ шавҳар ғусл накунад ва ман ғусл карда, намози субҳро хонам, равост?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шаб баъд аз ҳамхобагӣ ғусл накарда, хоб равӣ, сипас саҳар ғусл кунӣ, раво аст? Ё ки шабонгаҳ баъд аз ҳамхобагӣ шавҳар ғусл накунад ва ман ғусл карда, намози субҳро хонам, равост?

Саволдиҳанда:Азиза.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Баъд аз ҳамхобагӣ ғусл накарда, хоб рафтан равост, аммо агар ғусл ва ё мустаҳаб сурат гирад, беҳтар мебошад. Агар зан баъд аз ҳамхобагӣ ғусл карда, намози худро дар вақташ хонад, раво мегардад, агарчанде шавҳараш ғусл накарда, хоб равад.

2016-06-21
4615
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53