Савол № 00048

Дар кадом ҳолатҳо намоз гузоридан макруҳ аст?

Савол:

Дар кадом ҳолатҳо намоз гузоридан макруҳ аст?

Саволдиҳанда:Маъруф

Ҷавоб:

Дар ҳолатҳои зерин намоз гузоридан макруҳ аст: Ҳолати ба танг омадани вузў, вақте ки таом ҳозир шуда, нафс дар ниҳояти иштиҳо қарор дорад, ҳолате, ки чизе дили намозгузорро аз ёди намоз берун оварда, ба хушуъу хузуъ халал расонад, дар ҳолати тангии вақти намози фарз намози дигаре хондан, пас аз нисфи шаб хондани намози хуфтан. («Фатовои ҳиндӣ», ҷ.1, с.53).

2015-02-23
4032
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57