Савол № 00480
Ман зани бистусесола, ду фарзанд дорам. Ҳамеша аз фарзандони худ парешонам, ки ба онҳо ҳодисае пеш меояд. Чӣ маслиҳат медиҳед?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман зани бистусесола, ду фарзанд дорам. Ҳамеша аз фарзандони худ парешонам, ки ба онҳо ҳодисае пеш меояд. Чӣ маслиҳат медиҳед?
Саволдиҳанда:Азиза.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Парешон шудани модар аз фарзанд амали фитриест, ки Худованд онро на танҳо дар сиришти инсон ниҳодааст, балки соири ҳайвонотро низ аз он бархўрдор намудааст, аммо парешонӣ дар баробари тақдири илоҳӣ коре карда наметавонад. Бинобар ин, модар чӣ қадар тавоне, ки дорад, фазандро ба назора гирифта, саломатии ӯро ба Худованд вогузор намояд.