Савол № 00484

Ассалому алайкум домуллои азиз! Оё дар вақти рӯза доштан қай кардан рӯзаро мешиканад? Хоҳиш мекунам ҷавоб диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз! Оё дар вақти рӯза доштан қай кардан рӯзаро мешиканад? Хоҳиш мекунам ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Фаррух.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар дар ҳолати беҳузур шудани дил қайро худи рӯзадор қасдан берун орад ва он ба пурии даҳон бошад, пас рӯза мешиканад, баъди Рамазон фақат як рӯз қазо медорад ва каффорат надорад. Аммо агар дилаш беҳузур шуда, қай худ ба худ берун ояд, дар ин сурат рӯза намешиканад. Дар китоби «Фатҳу бобил-иноя», ҷ. 2, с. 170 оиди ин масъала чунин оварда шудааст:

" أو تقيأ ملء فيه لا إن غلبه " .

«Агар худро бо пурии даҳон қай кунонад, рӯзааш мешиканад, вале агар қай худ ғолиб шуда, берун ояд, рӯза намешиканад».

2016-06-22
4267
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44