Савол № 00486

Бо як суол мехоҳам муроҷиат кунам. Ҳангоми адои намози ҷамоат касе беҳуш мешавад. Оё кӯмак кардан ба вай дуруст аст ё ҳама намозро давом диҳанду таваккули шахси бемор ба Худо?

Савол:

Ассалому алайкум. Бо як суол мехоҳам муроҷиат кунам. Ҳангоми адои намози ҷамоат касе беҳуш мешавад. Оё кӯмак кардан ба вай дуруст аст ё ҳама намозро давом диҳанду таваккули шахси бемор ба Худо? 

Саволдиҳанда:Баҳриддин.

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин сурат шумо метавонед, ки бо як ё ду нафар аз намоз берун шуда, он шахси беморро бардоред ва ба ҷои зарурӣ баред. Ин дар дини мубини Ислом мамнуъ нест, балки айни ибодат аст, баъдан намозатонро мехонед.

2016-06-22
3960
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:26
Пешин12:40
Аср16:38
Шом18:42
Хуфтан20:12