Савол № 00489
Ман дар Русия рӯзадорам. Рӯзона хоб кардам, вақте бедор шудам, ки шайтон маро фиреб додааст. Дар як рӯз ду бор ин хел шуд. Оё рӯзаи ман дуруст аст ё рӯзаам шикаст.
Савол:
Ассалому алайкум муфтии муҳтарам. Лутфан ба саволи ман ҷавоб диҳед. Ман дар Русия рӯзадорам. Рӯзона хоб кардам, вақте бедорт шудам, ки шайтон маро фиреб додааст. Дар як рӯз ду бор ин хел шуд. Оё рӯзаи ман дуруст аст ё рӯзаам шикаст. Сипосгузорам.
Саволдиҳанда:Афзал.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати рӯза фарқ намекунад, ки як бор ё чанд бор эҳтилом шавед, ғусл карда, рӯзаатонро идома медиҳед. Рӯзаи шумо нашикаста ва дар он ягон халале ворид нашудааст.