Савол № 00495

Агар дар вақти рӯза шахс шабона ҳамхобагӣ кунад, то саҳархӯрӣ ғусл бояд кард ва ё баъд аз он ҳам мумкин аст? Дар кадом ҳолатҳо?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар дар вақти рӯза шахс шабона ҳамхобагӣ кунад, то саҳархӯрӣ ғусл бояд кард ва ё баъд аз он ҳам мумкин аст? Дар кадом ҳолатҳо? Ташаккур. Моҳи шарифи Рамазон муборак!

Саволдиҳанда:Карим. 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Шахсе, ки ҷунуб шуда бошад, беҳтар аст, ки ҳарчи зудтар ғусл кунад. Аммо таъхири ғусл на ба андозае бошад, ки намоз аз вай қазо шавад, метавонад, ки баъд аз саҳархӯрӣ ғуслашро анҷом диҳад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 209).

2016-06-27
4118
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55