Савол № 00497

Дар ҳолати ҷунуб саҳарӣ хӯрдан ва даҳанро баста, пас аз нияти рӯза баъдан ғусл кардан иҷозат аст? Агар рӯза ҳисоб нашавад, шахси рӯзадор бояд чанд рӯз қазо дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, хоҳиш ҳар чи зудтар ба ин суол посух гардонед. Дар ҳолати ҷунуб саҳарӣ хӯрдан ва даҳанро баста, пас аз нияти рӯза баъдан ғусл кардан иҷозат аст? Агар рӯза ҳисоб нашавад, шахси рӯзадор бояд чанд рӯз қазо дорад?

Саволдиҳанда:Сайёди Сайд. 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Дар ҳолати ҷанобат агар фурсат мавҷуд бошад, пас беҳтар аст, ки ҳарчи зудтар ғусл кунад. Агар вақт барои саҳарӣ хӯрдан танг бошад, пас дар ин ҳолат дасту рӯ ва даҳону биниро шуста тановул кунад, баъд аз саҳархӯрӣ ғусл намояд. Дар ҳар ду ҳолат рӯза дуруст аст ва қазое воҷиб намешавад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 209).

2016-06-29
5125
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44