Савол № 00498

Домуллои муҳтарам, оё хизматчиёни давлатӣ ё дигар касбу коре, ки иштироки онҳо дар намози ҷумъа манъ шудааст, барои нахондани намози ҷумъа гунаҳкор мешаванд?

Савол:

Ассалому алайкум. Домуллои муҳтарам, оё хизматчиёни давлатӣ ё дигар касбу коре, ки иштироки онҳо дар намози ҷумъа манъ шудааст, барои нахондани намози ҷумъа гунаҳкор мешаванд?

Саволдиҳанда:Комрон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Ашхосе, ки аз гузоридани намози ҷумъа бо баъзе сабабҳо манъ мешаванд, метавонанд, ки ба ҷои ҷумъа намози пешин гузоранд ва гунаҳкор намешаванд, зеро нагузоридани ҷумъа ба сабаби узр сурат гирифтааст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 25-26).

2016-06-29
4077
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:56
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:53