Савол № 00501

Дар нӯшоба ё хӯрока, ки магас меафтад, бояд чӣ кор кард?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар нӯшоба ё хӯрока, ки магас меафтад, бояд чӣ кор кард?

Саволдиҳанда:Нодир.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Агар дар таом ё нӯшоба магас афтод, палид намешавад, зеро хуни ҷорӣ надорад. Аз лиҳози дигар, Расули Худо (с) дастур додаанд, ки баъди афтодани магас онро ғутта диҳанд, сипас онро партофта, таомро тановул намоянд. (“Шарҳи Мухтасарул-виқоя”, ҷ. 1, с. 36-38).

2016-06-30
3480
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31