Савол № 00507

Домулои азиз илтимос ягон маслиҳат тиен аз чӣ бошад, ки ҳар рӯз дар дили ман шакку шубҳа ва суолҳои бемаъни нисбат ба худованд зиёд мешаванд, ҳарчанд, ки астағфирулоҳ мегум намешавад.

Савол:

Салому алайкум домуло бахшиши зиёд ки сеюм саволай, ки ман менависум.Домулои азиз илтимос ягон маслиҳат тиен аз чӣ бошад, ки ҳар рӯз дар дили ман шакку шубҳа ва суолҳои бемаъни нисбат ба худованд зиёд мешаванд, ҳарчанд, ки астағфирулоҳ мегум намешавад. Дар бораи ҳар чизе аз дин хондани ё фаҳмидани мешавум тез тез суолое дар фикри ман пайдо мешавад, ки чида ихел шид ё  барои чи ихел гуфт. Ман барои суоламро барои Шумо фаҳмондан як мисол меорам. Масалан қариб ҳар рӯз дар сари ман ҳамин суол, ки чаро Худованд инқадар  мусулмонора парокандаву бечора кардааст дар рӯи дунё. Мусалмонора мекушанд, бадбинӣ мекунанд, ҳатто кудакони мусалмона мекушанд, ришдорора бад мебинанд, анна акнун баъди ин суол дар сари манн суоли дигар те, ки ту ё мусулмонон ибодаташ мекунанд, шуморо кӯмаке намекунад. Ин қадар дуош мекунеду ҷавоб наметият. Илтимос домулло ягон ёрдам кунед дар ҳамин бора.

Саволдиҳанда:Сироч мирзоев

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Гумони баде ки дар дили бандаи мусалмон нисбат ба Парвардигор мегузарад, онро васваса мегӯянд. Бандаи мусалмон бинобар васваса  мавриди пурсиш қарор намегирад, то замоне ки онро амалӣ накунад ё бар забон наорад. Чунончӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:

«Худованд аз он чӣ дар дилҳои уммати ман мегузарад, даргузаштааст». (Муттафақун алайҳ)

Васваса падидаи номатлубест, ки Шайтон онро дар дили банда меандозад ва мунтазир мегардад, ки аз банда дар зоҳир ба вуқуъ ояд. Бинобар ин бар банда зарур аст, ки аз бадии Шайтон ба Худованд паноҳ бурда, дар он масъала фикр накунад ва ба кори дигаре машғул шавад. Чунончӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: Кӣ инро офаридааст ва кӣ инро офаридааст?, ҳаттомегӯяд: Кӣ Парвардигори туро офаридааст?. Бинобар ин вақте ба ӯ ин сухан расад, ба Худованд паноҳ бурда дигар тафаккур накунад». (Муттафақун алайҳ)

Бинобар ин тавсияи мо ба шумо ин аст, ки дар баробари васвасаҳое ки Иблис дар дили шумо меафканад, ба Худованд паноҳ баред. Худованд онро бартараф мекунад.

2016-07-12
4746
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43