Савол № 00516

Дар масъалаи тухмчангак мехостам пурсам. Ҳукми тухмчангак чист, ҷоиз ҳаст ё не? Хоҳишмандам бо далел ҷавоб гӯед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Худованд рӯзаи ҳамаи моро бо тамоми камбудиҳояш ба даргоҳи бениёзаш кабул гардонад. Дар масъалаи тухмчангак мехостам пурсам. Ҳукми тухмчангак чист, ҷоиз ҳаст ё не? Хоҳишмандам бо далел ҷавоб гӯед.

Саволдиҳанда:Саидаҳрор.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, рӯзҳои ид рӯзҳои шодию хурсандист. Дар ин рӯзҳо бандаи мӯъмин ба хӯрдану нӯшидан ва дигар корҳои хурсандӣ мушғул мешавад. Тухмбозӣ кардан агар бо шарт набошад, яъне фақат барои санҷидани сахтии тухм ва бидуни гирифтани тухми шикаста анҷом дода шавад, боке надорад, дар ғайри ин сурат ҷоиз нест. 

2016-07-14
3194
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38