Савол № 00520
Ман як хоҳари исломии шумо ҳастам. Илтимос мегуфтед, ки зан дар ҳолати одати моҳонааш дар мавсими ҳаҷ вуқуфи Арафот, Муздалифа ва Миноро анҷом дода, сипас ба шайтон санг зада аз эҳроми худ баромада метавонад?
Савол:

Саволдиҳанда:Фотима
Ҷавоб:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, зане, ки дар мавсими ҳаҷ дар ҳолати моҳона қарор дорад, ба ғайр аз тавофи хонаи Каъба дар ҳамаи дигар ибодатҳои мансуб ба ҳаҷ мисли дигарон рафтор мекунад. Баъд аз баромадан ба Арафот ва вуқуф дар Муздалифа ба шайтон санг мепартояд ва мисли дигар ҳоҷиён миқдоре аз мӯйҳояшро бурида аз эҳром мебарояд. Дар ин ҳолат, ки онро таҳаллули якум меноманд, ба ғайр аз робитаи ҷинсӣ тамоми чизҳои манъшуда дохил мешаванд. Тавофи зиёратро баъд аз баромадан аз эҳром ва ба охир расидани одати моҳона дар вақти муносиб анҷом медиҳад. Аммо агар муҳлати сафараш то ба охир расидани ҳолати моҳонааш гунҷоиш надиҳад, аз порчаи матоъе ё ашёи махсуси тиббӣ, ки имрӯз дар муомилот мавҷуд аст, истифода карда, тавофи хонаи Каъбаро анҷом диҳад.