Савол № 00531

Хўрдани гушти ҷайра ҳаром аст ё ҳалол? Ман аз он тановул кардаам. Агар ҳаром бошад, бо чӣ омурзида мешавам?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хўрдани гушти ҷайра ҳаром аст ё ҳалол? Ман аз он тановул кардаам. Агар ҳаром бошад, бо чӣ омурзида мешавам? 

Ҷавоб:

Ва алайкуммассолому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хўрдани гўшти ҷайра аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ макрўҳи таҳримӣ аст, яъне ба ҳаром наздик мебошад. Зеро он аз ҷумлаи хабоис, яъне ҳайвонҳое, ки табиъати инсон аз онҳо танаффур мекунад. Пас хурдани гушти ҷайра маъсият ва гуноҳ буда, барои омурзиши он танҳо тавба кардан зарурист. 

2016-07-20
5235
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43