Савол № 00534

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, ки дар вақти ҳаҷ ва умра занҳо барои ба таъхир андохтани ҳайз дору истифода бурданашон мумкин аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, ки дар вақти ҳаҷ ва умра занҳо барои ба таъхир андохтани ҳайз дору истифода бурданашон мумкин аст ё не?

Саволдиҳанда:Фирўза.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Хоҳари азиз, агар ин кор ба саломатӣ зарар надошта бошад, барои ба таъхир андохтани ҳайз дору истифода бурдани занҳо аз лиҳози шариат боке надорад. Агар пас аз истифодаи дору замони ҳайз фаро расад, вале ҷараёни хун мушоҳида нашавад, даромадани зан ба масҷид ва тавоф карданаш ҷоиз аст. Дар ҳолати зарар расонидан ба саломатӣ беҳтар аст, ки чунин доруҳоро истифода набарад, балки баъд аз сипарӣ шудани айёми ҳайз тавофи худро анҷом диҳанд.

2016-07-20
5598
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42