Савол № 00543
Агар падар духтарашро маҷбур кунад, то ба шахсе, ки худи духтар намехоҳад, ба шавҳар барояд, дар акси ҳол «ман аз ту розӣ намешавам» мегӯяд, оё дар ин сурат духтар оқи волидайн мешавад ё на? Илтимос бо далелҳо ва зудтар ҷавоб гӯед, ки дар мушкилоти азиме гирифторам.
Савол:

Саволдиҳанда:Ширин
Ҷавоб:
Аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) писар ё духтар баъд аз расидананашон ба синни булуғ дар масъалаи ташкили хонавода озод ҳастанд ва барои интихоби ҳамсар соҳиби ихтиёранд. Аммо аз сабаби он ки волидайн барои фарзандонашон ҳамеша бахти сафед мехоҳанд ва Худо накунад, агар хонавода вайрон шавад, танҳо онҳо дар ғами фарзанди худ шариканд, аз ин рӯ, маслиҳату машварати онҳо дар ташкили хонавода зарур аст. Агар домоду арӯс аз нигоҳи ахлоқию маънавӣ бо якдигар баробар набошанд, дар ин сурат нофармонии волидайн худ оқ шудан аст ва агар баробар ва муносиб бошанд, зиёне надорад.