Савол № 00547

Номи Амир ва Мадина китобӣ аст ё на? Дар гӯши фарзандам Аҳмад гуфта азон хонда шудааст, мо Амир мегӯем, чӣ мешавад? Агар аз шавҳар иҷозат напурсида, ба ягон ҷо равӣ, чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Салом. Номи Амир ва Мадина китобӣ аст ё на? Дар гӯши фарзандам Аҳмад гуфта азон хонда шудааст, мо Амир мегӯем, чӣ мешавад? Агар аз шавҳар иҷозат напурсида, ба ягон ҷо равӣ, чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда:Азиза. 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом. Хоҳари азиз, номҳои Амир, Мадина ва Аҳмад дар китобҳо вуҷуд доранд ва ҳар яке дорои маънои хос аст. Он чи шумо нисбати фарзандатон муносибат мекунед, аз нигоҳи эътиқодӣ зиён надорад. Бе иҷозати шавҳар ба ҷое рафтани зан гуноҳ аст ва ба лаънати Худову Паёмбар (с) ва фариштагон гирифтор мегардад. Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар зане бидуни иҷозати шавҳар аз хона мебарояд, то баргаштанаш лаънати Худо ва Паёмбар (с) ба болои он зан мерезад».

2016-08-04
4635
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38