Савол № 00548

Ман чанд бор хоб дидам, ки дар ҳаво парвоз дорам. Илтимос ҷавоб гардонед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман чанд бор хоб дидам, ки дар ҳаво парвоз дорам. Илтимос ҷавоб гардонед.

Саволдиҳанда:Аҳлиддин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, хоб ду навъ мешавад: раҳмонӣ ва шайтонӣ. Хоби рост фақат хобби пайғамбарон аст, аммо хоби ғайри пайғамбарон эҳтимоли рост ва дурӯғ буданро дорад. Набояд инсон хоби дидаашро ба ҳар кас ҳикоят кунад. Агар шахс хоб даҳшатнок дида бошад, бояд намоз гузорад, дуо ва садақа кунад, нисбати хоби дидааш бадгумонӣ накунад.

2016-08-04
3319
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31