Савол № 00550

Шаш сол аст, ки оиладорам ва афроди оила, хусусан хоҳарони шавҳарам ба зиндагии мо дахолат мекунанд. Маро гап задан намемонанд. Ба шавҳарам мегӯям, ки аз гапи онҳо асабҳоям хароб шудааст...

Савол:

Ассалому алайкум. Шаш сол аст, ки оиладорам ва афроди оила, хусусан хоҳарони шавҳарам ба зиндагии мо дахолат мекунанд. Маро гап задан намемонанд. Ба шавҳарам мегӯям, ки аз гапи онҳо асабҳоям хароб шудааст, мегӯяд, ки фарзанди падарам ҳастанд, ту ёфт мешавӣ, фарзанди падар не. Панҷ духтаранд, хушдоманам мегӯяд, ки келин ҳеҷ кас нест, маро дар шавҳарам бад мекунад ва ӯ бо ман носоз мешавад.

Саволдиҳанда:Зулфия.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, масоили оилавӣ асрори зиёд дорад, асоси зиндагӣ бошад, аз эътимоду муҳаббати якдигарӣ сарчашма мегирад, фарзандон бошанд, чароғи зиндагии хонадон ҳастанд. Волидайни шавҳар водидайни келин ҳисоб мешаванд, набояд насиҳати онҳоро бо ғараз қабул кард. Хоҳарони шавҳар дар зиндагии келин дахолат накунанд, модари шавҳар аз нигоҳи шариат бо келин ҳамчун фарзанди худ бояд муносибат кунад, дар ин сурат зиндагӣ хушу хуррам мегузарад. Зан бошад нисбат ба хонаводаи шавҳар ва ба худи шавҳар аз отифаи занона истифода кунад, иншоаллоҳ тамоми хушбахтиҳо ӯро дар оянда мунтазир аст, саросема нашавед, ғамгин ҳам набошед, ҳамааш хуб мешавад, ба раҳмати Худо умедвор ва ба ӯ таваккул дошта бошед.

2016-08-04
3705
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55