Савол № 00553

Оё ҳангоми намоз хондан чашмонро пӯшидан мумкин аст ё на? Маънои таваккул кардан ба Худоро пурратар мефаҳмондед.

Савол:

Оё ҳангоми намоз хондан чашмонро пӯшидан мумкин аст ё на? Маънои таваккул кардан ба Худоро пурратар мефаҳмондед.

Саволдиҳанда:Рамазон. 

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҳангоми намоз хондан пӯшидани чашмҳо бидуни узр макрӯҳ аст, аммо агар узре дошта бошед, боке надорад. Таваккул ба Худо ин аст, ки инсон дар тамоми ҳолати зиндагияш ҳамаи умури худро ба Худованд супорида, бо тамоми тавон барои амал кардан саъйу талош намояд. Фазилати таваккул бисёр бузург аст ва дар чандин ҷои Қуръон Худованд ин сифатро васф кардааст. Расули Худо (с) низ фармудаанд: «Агар чунончи ҳаққи таваккул аст, шумо бар Худойи таъоло таваккул мекардед, рӯзии шумо ба шумо расонидӣ, чунонки ба мурғон мерасонад, ки ҳар бомдод аз ошёна бо шикамҳои тиҳӣ ва гурусна парвоз кунанд ва шабонгоҳ бо шиками сер бозгарданд». (Ривояти Тирмизӣ).

2016-08-16
3467
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56