Савол № 00559

Домулло, илтимос мегуфтед, ки намози ҷанозаро бо пойафзол хондан мумкин аст ё не?

Савол:

Ассаламу алайкум бобои домулло, илтимос мегуфтед, ки намози ҷанозаро бо пойафзол хондан мумкин аст ё не?

Саволдиҳанда:Қурбон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, мисли ҳамаи намозҳо дар намози ҷаноза пок будан аз ҳамаи ифлосиҳо (таҳорат аз наҷосат) шарт аст. Бинобар ин агар пойафзоли шахси дар намози ҷаноза истода аз ифлосӣ ва наҷосат пок бошад, хондани намоз бо пойафзолаш аз лиҳози динӣ, хусусан фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ мушкилие надорад.

2016-08-19
3374
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56