Савол № 00563

Оё ин гап дуруст аст, ки агар касе шахсеро дашном диҳад, савобҳои ӯ ба шахси дашномдода мегузарад?

Савол:

Муҳтарам домулло, оё ин гап дуруст аст, ки агар касе шахсеро дашном диҳад, савобҳои ӯ ба шахси дашномдода мегузарад? Илтимос, зудтар ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Шерзоди Ҳабибулло.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, касеро беузр дашном диҳед, гуноҳ мегиред, зеро дар ҳаққи ӯ зулм намудаед. Агар аз он кас биҳилӣ ва бахшиш  нахоҳед, дар рӯзи қиёмат савоби амалҳои шуморо гирифта, ба ӯ медиҳанд. Чунки дар он рӯз симу зар ба кор намеояд, балки аз некиҳои золим ситонида, ба мазлум дода мешавад.

2016-08-23
3142
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31