Савол № 00568

Домуллои азиз, ман аз 6-7-солагӣ намоз хонданро шурӯъ кардам ва ҳоло 19-сола ҳастам. Дар муддати аз 12-солагӣ то ҳол Худо медонад чӣ қадар қазо кардам. Ба ман гӯед, ки чӣ гуна қазо хонам, 7 солро қазо хонам ё ягон роҳи дигар дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ман аз 6-7-солагӣ намоз хонданро шурӯъ кардам ва ҳоло 19-сола ҳастам. Дар муддати аз 12-солагӣ то ҳол Худо медонад чӣ қадар қазо кардам. Ба ман гӯед, ки чӣ гуна қазо хонам, 7 солро қазо хонам ё ягон роҳи дигар дорад?

Саволдиҳанда:Суннат.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳукми қазо доштани намоз фарз аст ва ба ҳамон сурате ки адо карда мешавад, ҳамон гуна қазои он ба ҷо оварда мешавад. Агар инсон ёд надошта бошад, ки чӣ қадар намоз аз ӯ қазо шудааст, ба ғолиби гумонаш амал кунад ва теъдоди онро муайян намуда, сипас қазои онро ба ҳамон равише, ки адо мекард, ба ҷо орад. Агар дақиқ карда натавонад, ки чӣ миқдор намозро фавт кардааст, дар ин сурат дар ҳама ракъатҳои намозҳои чаҳорракъатӣ пас аз хондани сураи «Фотиҳа» сурае зам кунад, чунонки дар китоби «Хулосатул-фатово», ҷ. 1, с. 191-192 омадааст. Ногуфта намонад, ки ғайр аз намози фарз ва воҷиб дигар намозҳо қазо надоранд.

2016-08-23
3411
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56