Савол № 00571
Салом домуллои азиз, суоле доштам. Агар писар бо духтари номаҳрам салом кунад ё ин ки ӯро ба оғӯш гирад, ин чӣ ҳукм дорад?
Савол:
Салом домуллои азиз, суоле доштам. Агар писар бо духтари номаҳрам салом кунад ё ин ки ӯро ба оғӯш гирад, ин чӣ ҳукм дорад?
Саволдиҳанда:Бахтовар.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шаръӣ оғӯш гирифтан ё бӯса кардани зани номаҳрам ҳаром аст, зеро Худованд муқаддамоти зиноро ҳаром қарор додааст, чунончи дар ояти 32-и сураи «Исро» мефармояд: «Ва ба зино наздик нашавед, зеро он беҳаёӣ ва роҳи бад аст». Ҳазрати Пайғамбар (с) дар дуоҳои хеш аз ин гуна корҳои қабеҳ ба Худо мебурд ва мегуфт: «Худоё! Моро аз кирдорҳои зишт ва ношоист, чи ошкор ва чи пинҳон нигоҳ дор».