Савол № 00577

Иди Қурбон санаи чандум таҷлил мегардад ва саволи дуюмам ин аст, ки мегӯянд агар 10 рӯз пеш аз иди Қурбон рӯза гирӣ, савобият дорад, онро бояд аз кай гирифт ва чӣ савобият дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои мӯҳтарам! Ба Шумо ду савол дорам. Якум, мехостам фаҳмам, ки иди Қурбон санаи чандум таҷлил мегардад ва саволи дуюмам ин аст, ки мегӯянд агар 10 рӯз пеш аз иди Қурбон рӯза гирӣ, савобият дорад, онро бояд аз кай гирифт ва чӣ савобият дорад?

Саволдиҳанда:Зулфия 

Ҷавоб:

Ваалайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, таҷлили иди Қурбон ба ҳисоби тахминӣ рӯзи 12.09.2016-ум дар назар гирифта шудааст.Аммо баъди маҷлиси Шӯрои уламои ҶТ ба таври дақиқ, ки як ҳафта пеш аз иди Қурбон баргузор мегардад, маълум мешавад.Пеш аз иди Қурбон 10-рӯз рӯза гирифтан савоби бисёр дорад ва он аз аввали моҳи Зулҳиҷҷа оғоз шуда то 9-уми ин моҳ давом мекунад.

2016-08-30
4575
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44