Савол № 00589

Фурӯхтани доруҳое, ки дарунашон аъзои хук дорад, чист?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Худованд нигаҳбони Шумо бошад. Фурӯхтани доруҳое, ки дарунашон аъзои хук дорад, чист? Ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда:Муҳаммад.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи фурӯхтани чунин доруҳо ҳараҷе нест, чунки дар назди фуқаҳо бобе ба номи «Муолиҷа бо ашёи ҳаром» вуҷуд дорад. Аммо онҳоро хоҳ-нохоҳ истеъмол набояд кунанд, зеро барои истеъмоли ин гуна доруҳо шароити даркорӣ бояд бошад. Масалан, ғайри он даво дигар давое ба дарди бемор муфид набошад ва онро духтури моҳири мусулмон тавсия диҳад. Хулоса дар мавриди фурӯхтани ин гуна доруҳо ҳараҷе дида намешавад. Албатта ҳангоми истеъмоли ин гуна давоҳо эҳтиёт ва таҳқиқ зарурӣ аст.

2016-09-06
3338
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38