Савол № 00593

Бо нияти хондани намози бомдод шаб дар масҷид хоб рафтӣ ва занги телефонро дар соати 05:00 гузоштӣ, вале субҳ дар вақти муайяншуда бедор нашудӣ, хестӣ, ки офтоб баромадааст, чӣ бояд кард?

Савол:

Бо нияти хондани намози бомдод шаб дар масҷид хоб рафтӣ ва занги телефонро дар соати 05:00 гузоштӣ, вале субҳ дар вақти муайяншуда бедор нашудӣ,  хестӣ, ки офтоб баромадааст, чӣ бояд кард? Аз нигоҳи Ислом чӣ ҳукм дорад! Саломат бошед.

Саволдиҳанда:Файзалӣ.
 

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, намози бомдоди шумо қазо шудааст, аз ин рӯ, намози бомдодро қазо медоред, яъне аввал азон гуфта, ду ракъат суннатро қазоӣ ният карда мехонед, сипас иқомат гуфта, ду ракъат фарзи бомдодро низ ба нияти қазо мегузоред. Аз даргоҳи Худо илтиҷо мекунед, умед аст, ки дуои шумо қабул шавад.


 

2016-09-16
11857
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56