Савол № 00599

Агар ба зани худ гӯӣ, ки «ҷавобатро додам», лекин зан баромада нарафт, талоқ ҳисоб мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Агар ба зани худ гӯӣ, ки «ҷавобатро додам», лекин зан баромада нарафт, талоқ ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда:Нурулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар масъалаи мазкур агар шумо ин лафзро ба нияти талоқ гуфта бошед, талоқ воқеъ мешавад. Агар зан бихоҳад, ҳақ дорад, ки дубора маҳр гирад ва зиндагӣ кунад, албатта таҷдиди никоҳ лозим аст, яъне дар ҳузури ду шоҳид никоҳ мекунед, вале агар зан нахоҳад, шавҳари дигар мекунад.

2016-09-20
3971
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54