Савол № 00604

Нияти пурра дар намоз гуфтан шарт аст ё ин ки қасди қалб бошад, низ дуруст аст? Вақте ки мо ба намоз меравем, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода” гуфта ниятро пурра нагӯем ҳам мешавад? Мувофиҳи далели саҳеҳ ҷавоб гӯед.

Савол:

Ассалому алайкум! Нияти пурра дар намоз гуфтан шарт аст ё ин ки қасди қалб бошад, низ дуруст аст? Вақте ки мо ба намоз меравем, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода” гуфта ниятро пурра нагӯем ҳам мешавад? Мувофиҳи далели саҳеҳ ҷавоб гӯед.

Саволдиҳанда:Ҳаким

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар танҳо қасди қалбӣ дошта бошед, ибодати шумо дуруст мешавад, вале талаффуз кардани он ва ҳамоҳанг кардани дилу забон хубтар аст. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя”, с. 13 оиди ин масъала чунин меорад: “Қасди қалбӣ ҳамроҳ бо талаффуз кардани он бо забон афзал аст”. 

2016-09-21
4421
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:46
Пешин12:40
Аср15:03
Шом17:10
Хуфтан18:40