Савол № 00611

Саҳарӣ вақти бомдод гузашту вақте офтоб баромад, хондани бомдод чоиз аст? Агар ҷоиз бошад, чӣ тавр бояд ният кард. Аз шумо илтимос, ҷавоби пурра диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Ба шумо суоле доштам. Саҳарӣ вақти бомдод гузашту вақте офтоб баромад, хондани бомдод чоиз аст? Агар ҷоиз бошад, чӣ тавр бояд ният кард. Аз шумо илтимос, ҷавоби пурра диҳед.

Саволдиҳанда:Юсуф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, адо кардани намоз дар вақташ фарз аст, агар аз вақт гузашт, қазо доштани он низ фарз аст. Агар намози бомдод қазо шуд, бояд азон гӯед ва суннатро ба нияти қазо мегузоред, баъд аз он иқомат мегӯед ва нияти қазои фарзи бомдод карда, онро низ ба ҷо меоред.

2016-10-01
4914
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43