Савол № 00620

Рисолати шумо ҳифозати идеологияи исломӣ, ҳидояти мардум ба роҳи ҳақ, тарбияи ахлоқи нек (исломӣ), ҷудо кардани ҳақ аз ботил барои омма аст.

Савол:

Олимони муҳтарами шаръ (бахусус хатибон)! Рисолати шумо ҳифозати идеологияи исломӣ, ҳидояти мардум ба роҳи ҳақ, тарбияи ахлоқи нек (исломӣ), ҷудо кардани ҳақ аз ботил барои омма аст. Барои адои ин рисолат шуморо пеш аз ҳама имони росих ба Худованди якка, дониши хуби дунявию ухравӣ мебояд. Вале, мутаассифона, тавре ки мебинем, ин тавр нест. Имрӯз мавзӯи амри маъруфу наҳйи мункари имомхатибону домуллоҳои мо танҳо аз манъи арақнӯшӣ, амр ба намозхонӣ, ишора ба он ки инсон аз нутфа халқ шудааст ва монанди инҳо иборат асту бас. Ҳол он ки зиштиҳое бадтар аз инҳо имрӯз ҷомеаро мубтало кардаасту чун як амри одӣ шудааст, амсоли дурӯғгӯӣ, ғайбат, фиреб, зоеъ кардани вақт, беэҳтиромӣ ба устод ва ғ... Чаро дар ин хусус кам мегӯед ё тамоман намегӯед?...

Саволдиҳанда:Саломат.

Ҷавоб:

Бародари азиз, аввал ин ки он варақаҳое, ки дар намози ҷумъа ба имомхатибон фиристода мешавад, дар ҳамаи онҳо масоили мубрами рӯз аз дидгоҳи Қуръону ҳадис ва суханони бузургон навишта шудааст. Чунончи имрӯзҳо дар бораи амну субот ва муҳаббат ба ватан зиёд навишта мешавад, зеро чунонки мушоҳида мекунем, имрӯз дар бисёре аз кишварҳо ноамнӣ ва ихтилофҳои динӣ ва мазҳабӣ ҳукмфармост. Бинобар ин, имрӯз суҳбатҳо дар ин мавзӯъ бисёр аст. Дар бораи ғайбат ва ахлоқи разила низ суҳбат мешавад. Албатта мо ҳамеша мекӯшем, ки ҳар мавзӯъ дар вақти даркорӣ баён карда шавад. Боқӣ нутқу суханронии ҳар як инсон вобаста ба истеъдоди худи ӯст. Баъзе вақт мешавад, ки инсони олим илми хеле зиёде дорад, вале маҳорати фаҳмондадиҳияш кам аст. Худованд боз ҳам муҳаббати шуморо нисбати дин зиёда гардонад. 

2016-10-03
3074
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38