Савол № 00632

Домуллои муҳтарам. Адл кардан миёни занон чӣ гуна аст? Сода карда фаҳмонед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Адл кардан миёни занон чӣ гуна аст? Сода карда фаҳмонед.

Саволдиҳанда:Анас.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, адл кардан миёни занон дар зоҳир аст, яъне дар ғизову либос ва ҳамбистарӣ, аммо дар муҳаббат шарт нест ба ин маъно ки агар касе як ҳамсарашро нисбат ба дигараш бештар дӯст дорад, мавриди муохаза ва бозпурсӣ қарор намегирад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Эй Парвардигори ман, он чизе, ки дар зоҳир аст, адл карда истодаам, вале дар чизе, ки дар ихтиёри ман нест ва молики он нестам, маро муохаза макун”.

2016-10-11
3004
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38