Савол № 00643

Бисёре аз мардум ҳастанд, ки ба зиёрати мазор мераванду ҳамроҳи худ буз ё гӯсфанд мебаранд, то ин ки дар он ҷо ба номи соҳиби он мазор, масалан мазори ҳазрати Султон ё Имом Ҷаъфари Содиқ забҳ кунанд. Оё гӯшти он ҳалол аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Бисёре аз мардум ҳастанд, ки ба зиёрати мазор мераванду ҳамроҳи худ буз ё гӯсфанд мебаранд, то ин ки дар он ҷо ба номи соҳиби он мазор, масалан мазори ҳазрати Султон ё Имом Ҷаъфари Содиқ забҳ кунанд. Оё гӯшти он ҳалол аст ё на? Муфассалтар фаҳмонед, ки дар миёни мардуми мо тоҷикон ин одат хеле зиёд аст.

Саволдиҳанда:Алишер.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар ҳайвоне, ки забҳ карда мешавад, бояд ба номи Худо забҳ шавад, аз ин рӯ, гӯшти чорвое, ки ба мазор бурда, ба номи Худо забҳ мешавад, ҳалол аст. Вале хуб нест, ки чорворо ба мазор баранд, балки онро дар хона забҳ кунанд ва аз гӯшташ тановул ва садақа намуда, оёте чанд аз Қуръон тиловат кунанд, сипас савоби ин садақот ва оётро ба ҳаққи ҳар касе, ки мехоҳанд, бубахшанд, зеро аз дидгоҳи уламои аҳли суннат ва ҷамоат савоби ибодатро ба ҳар касе бубахшанд, дуруст аст.

2016-10-13
4719
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42