Савол № 00644

Ман бо як духтари бадахшонӣ шинос шудам ва ба якдигар писанд омадем. Духтар аз маълумоти динӣ ва мазҳаби ҳанафӣ дур буд, ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки агар либоси миллӣ пӯшию панҷ вақт намоз хонӣ...

Савол:

Ассалому алайкум бародар. Ман бо як духтари бадахшонӣ шинос шудам ва ба якдигар писанд омадем. Духтар аз маълумоти динӣ ва мазҳаби ҳанафӣ дур буд, ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки агар либоси миллӣ пӯшию панҷ вақт намоз хонӣ, бо ту никоҳ мекунам. Духтар пешниҳоди маро қабул ва иҷро кард, аммо аз сабаби бадахшонӣ буданаш модари ман ба оиладоршавии мо розӣ нашуд. Оё кори кардаи мо дуруст аст ё хато? Илтимос бо далелҳо ҷавоб диҳед. Ба модарам чӣ машварат медиҳед?

Саволдиҳанда:Ҳайрон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин сурати ҳол ки шумо он духтарро мехоҳед ва ӯ ҳам ба суханони шумо гӯш медиҳад, аз дидгоҳи дини мубини Ислом шумо метавонед, ки бе ягон шакку шубҳа бо он духтар оила бунёд кунед. Аммо дар мавриди модаратон бошад, хуб аст, ки модари шумо бо он келиншаванда ҳамсуҳбат шаванд, умед аст, ки Худованди меҳрубон дар ин иқдоми хайре, ки шумо пеш гирифтаед, кумакатон намояд. Албатта шариати Ислом пайравони ахлоқи писандидаро меписандад ва ба он тарғиб мекунад, фарқ намекунад, ки аз кадом минтақа ва дар чӣ шаклу сурат ҳастанд. Худо ёру мададгор.

2016-10-13
4428
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54