Савол № 00646

Мо занҳо дар ҷои кор дар душ (ҳаммом), ки он ҷо касе оббози намекунад ва танҳо таҳорат мекунанд намоз мехонем. Аммо ба мо нафаре гуфт, ки дар ҳаммом намоз хондан макрӯҳ аст. Илтимос муфассалтар мефаҳмондед, ки оё дар душ намоз хондан мумкин аст.

Савол:

Салом алейкум домуллои азиз. Ба шумо як савол доштам. Мо занҳо дар ҷои кор дар душ (ҳаммом), ки он ҷо касе оббози намекунад ва танҳо таҳорат мекунанд намоз мехонем. Аммо ба мо нафаре гуфт, ки дар ҳаммом намоз хондан макрӯҳ аст. Илтимос муфассалтар мефаҳмондед, ки оё дар душ намоз хондан мумкин аст. Шароити душ хеле хуб аст тозаю озода. Чунки мо имконияти дар дигар ҷои корхона  хондани намозро надорем.

Саволдиҳанда:Зулфия

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз албатта ҳаммомҳои имрӯза аз ҳаммомҳои пешина фарқ мекунад. Агар дар чунин ҳаммомҳо ифлосӣ ва палидӣ дида нашавад, дар ҳолати зарурат намоз дар чунин ҷойҳо мумкин аст. 

2016-10-14
3898
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56