Савол № 00655

Домуллои азиз, мегуфтед, ки ҳаҷҷи акбар дар кадом вақт рост меояд. Мегӯянд, ки агар рӯзи Арафа рӯзи ҷумъа бошад, ҳаҷҷи акбар аст, оё ин дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Домуллои азиз, мегуфтед, ки ҳаҷҷи акбар дар кадом вақт рост меояд. Мегӯянд, ки агар рӯзи Арафа рӯзи ҷумъа бошад, ҳаҷҷи акбар аст, оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Фирдавс.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки агар вуқуфи Арафот ба рӯзи ҷумъа рост ояд, онро ҳаҷҷи акбар меноманд. Зеро он соле, ки Расули Худо (с) ҳаҷ анҷом доданд, вуқуфи Арафот дар рӯзи ҷумъа буд. Ин қавли баъзе уламои Ислом аст, аммо қавли аксари уламо бар ин аст, ки ҳаҷҷи акбар ҳаҷҷи ҳарсоларо гӯянд, ҳаҷҷи асғар бошад, ин умра аст, ҳамин қавл дуруст аст.

2016-10-26
6219
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42