Савол № 00658
Оё фарзанд дар рӯзи қиёмат душмани волидайн шуда, аз онҳо суол карда метавонад, ки чаро ба ман илму намоз наомӯхтӣ ва тарбияи хуб надодӣ?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё фарзанд дар рӯзи қиёмат душмани волидайн шуда, аз онҳо суол карда метавонад, ки чаро ба ман илму намоз наомӯхтӣ ва тарбияи хуб надодӣ?
Саволдиҳанда:Қаландар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Худованд дар рӯзи қиёмат аз банда он неъматҳоеро, ки дар дунё ба ӯ арзонӣ доштааст, пурсон мешавад. Ин пурсиш ба манзури он аст, ки оё банда аз уҳдаи шукри неъматҳо бадар омадааст ё на. Фарзанд яке аз неъматҳои хосси Худованд буда, падару модар аз уҳдаи шукри он танҳо бо таълиму тарбияи онҳо бадар омада метавонад. Зеро Паёмбари Худо (с) се чизро, ки яке аз онҳо таълим ва тарбия аст, ҳуқуқи фарзанд бар волидайн қарор додааст. Пас падару модар яқинан аз он пурсида мешаванд.