Савол № 00663
Агар мард дар ҳолати набудани зан назди шахсони дигар “талоқ додам” гӯяд, талоқ мешавад? Ё мардро маҷбур кунанд, ки занатро сар деҳ, ин ягон ривоят дорад. Барои посухатон миннатдорам.
Савол:
Салом домуллои азиз. Аз посухҳои Шумо бисёр миннатдорам. Мехостам дар бораи як чизи муҳим ба Шумо арз намоям. Агар мард дар ҳолати набудани зан назди шахсони дигар “талоқ додам” гӯяд, талоқ мешавад? Ё мардро маҷбур кунанд, ки занатро сар деҳ, ин ягон ривоят дорад. Барои посухатон миннатдорам.
Саволдиҳанда:Самандар.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои воқеъ шудани талоқ ҳозир будани зан шарт нест, бо лафзи “талоқ додам” як талоқи раҷъӣ воқеъ мегардад. Дар ҳолати маҷбурӣ низ талоқ воқеъ мешавад.