Савол № 00670
Агар домодшаванда бо апаи арӯсшаванда ширхора бошанд, никоҳи онҳо аз дидгоҳи шариати Ислом дуруст аст ё не?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.Агар домодшаванда бо апаи арӯсшаванда ширхора бошанд, никоҳи онҳо аз дидгоҳи шариати Ислом дуруст аст ё не?
Саволдиҳанда:Равшан.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар домодшаванда ва апаи арӯсшаванда аз модари яке аз онҳо шир хӯрда бошанд, никоҳи домоду арӯс дуруст намегардад, аммо агар аз зани бегонае шир хӯранд, никоҳи онҳо дуруст мегардад.