Савол № 00672

Салом домуллои азиз, агар пас аз пешоб кардан ё ҳангоми каме шаҳват беихтиёр манӣ биёяд, ғусл воҷиб мегардад ё на?

Савол:

Салом домуллои азиз, агар пас аз пешоб кардан ё ҳангоми каме шаҳват беихтиёр манӣ биёяд, ғусл воҷиб мегардад ё на?

Саволдиҳанда:Нуралӣ.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар манӣ беихтиёр ва бидуни шаҳват хориҷ шавад, ғусл воҷиб намешавад, вале агар бо шаҳват хориҷ шавад, дар ин сурат албатта ғусл воҷиб мегардад. Ҳамчунин агар аз хоб бедор шуда, дар либосаш тарӣ бубинад, ғусл кардан бар вай воҷиб мешавад. Назари Имоми Аъзам (р) ва Муҳаммад (р) барои воҷиб шудани ғусл ин аст, ки вуҷуди шаҳват дар вақти ҷудо шудани манӣ аз камар кофӣ аст. Аммо аз назари Имом Абӯюсуф (р) вуҷуди шаҳват ҳам дар вақти ҷудо шудани манӣ аз камар ва ҳам дар вақти хориҷ шудан аз олати таносул шарт аст.

2016-11-11
4678
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43