Савол № 00676

Агар шахсе бо нияти таҳорат ғусл кунад, назди чаҳор мазҳаб ғусл ва таҳораташ дуруст мешавад ё не?

Савол:

Агар шахсе бо нияти таҳорат ғусл кунад, назди чаҳор мазҳаб ғусл ва таҳораташ дуруст мешавад ё не?

Саволдиҳанда:Мансур

Ҷавоб:

Ассалому алайкум бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) пеш аз ғусл таҳорат ва ният кардан суннат аст. Назди моликӣ, ҳанбалӣ ва шофеӣ ният фарз аст, таҳорат бошад пеш аз ғусл мустаҳаб аст. Фишурдаи сухан ин ки аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ фарде ғуслро бе вузў анҷом дод, ғуслаш дуруст буда, метавонад намозашро адо кунад, аммо тарки суннат мешавад.  Афзалу беҳтар таҳорат баъд ғусл кунад. (Фиқҳи ислом ва адилатуҳу, ҷилди 1, саҳ. 528-535).

2016-11-11
5947
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43