Савол № 00678
Сатр ва ҳиҷоб фарз аст ё на? Илтимос бо далел мефаҳмондед.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Сатр ва ҳиҷоб фарз аст ё на? Илтимос бо далел мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Шерафган.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тамоми мусалмонони ҷаҳон медонанд, ки ҳиҷоб яке аз фарзҳои фармудаи Худованд бар бандагонаш мебошад. Далелҳо дар ин бора дар Қуръони карим зиёданд ва мо бо яке аз онҳо иктифо мекунем. Худованд мефармояд: “Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!” (Сураи Аҳзоб, ояти 59). Шарт нест, ки ҳиҷоб ё сатр либоси сиёҳ ё часпида ба бадан бошад, чунонки имрўз дар ҷомеаи мо мушоҳида мешавад. Балки бояд ба гузаштагони ҳазорсолаи худ пайравӣ кунем, зеро онҳо либосҳои миллӣ дар бар менамуданд, ки васеъ ва дорои рангҳои муносиб буда, иффату покиро дар худ таҷассум мекарданд.