Савол № 00679

Оё бе тоқӣ намозро адо намудан ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё бе тоқӣ намозро адо намудан ҷоиз аст?

Саволдиҳанда:Юсуф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Албатта бидуни тоқӣ намоз адо мешавад, аммо аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ макруҳ шуда, савобаш кам мешавад. Чунончи дар китоби “Мухтасарул-виқоя” оиди ин масъала чунин меорад: “Бо сари бараҳна намоз хондан макруҳ аст, вале агар ба ҷиҳати фурўтанӣ ва изҳори хушуъ бо сари бараҳна намоз бигузорад, ишколе надорад”. (“Мухтасарул-виқоя”, с.19) Ҳамчунин дар ҳадис омадаст, ки асҳоби Паёмбар (с) дар ҳолати гармо ба саллаҳо ва кулоҳҳояшон саҷда мекарданд. Яъне саҳобагони Паёмбар (с) ҳама дар ҳолати намоз гузоридан дорои салла ва кулоҳ буданд. (Саҳеҳи Бухорӣ, боби шиддати гармо)

2016-11-15
3105
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38