Савол № 00681

Аз дарс гурехта ба адои намози ҷумъа равем, оё намозамон қабул мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Аз дарс гурехта ба адои намози ҷумъа равем, оё намозамон қабул мешавад?

Саволдиҳанда:Яъқуб.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари гиромӣ, қабулияти намоз дар назди Худованд аст, лекин адо мешавад. Ногуфта намонад, ки чун барои шумо иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зиммаи шумо воҷиб намешавад. Шумо бояд ба ҷои намози ҷумъа намози пешин бихонед ва он ҳам дар вақти дарс набошад, чунки илм омўхтан ҳам аз яке вазоифи зарурии инсон маҳсуб мешавад.

2016-11-15
3626
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56