Савол № 00682
Мард зани аз шавҳараш ҷудошударо, яъне беваро никоҳ карда гирад, мумкин аст, дар сурате ки мард боре ҳам издивоҷ накардааст.
Савол:
Мард зани аз шавҳараш ҷудошударо, яъне беваро никоҳ карда гирад, мумкин аст, дар сурате ки мард боре ҳам издивоҷ накардааст.
Саволдиҳанда:Якуб
Ҷавоб:
Ассалому алайкум бародари азиз, издивоҷ кардан аз нигоҳи шариъати Ислом суннати муакада аст, ин ҳукм сароҳатан дар ҳадиси набавӣ зикр шудааст. Фарқе намекунад, ки бо ки издивоҷ мекунад, яъне бо духтар ё бева, муҳим ин аст, ки никоҳ маҷбурӣ набошад. Хулосаи калом ин ки марде, ки боре ҳам издивоҷ накардааст, зани шавҳардидаро (бева) ба занӣ гирад, боке надорад. (Маъхаз: «Субҳуннурӣ», шарҳи Қудурӣ, саҳ. 142-145)