Савол № 00688
Домуллои азиз, мегуфтед, ки кадом шахс шаҳид мемирад, ман худ ба дигарон мефаҳмонам, лекин онҳо дигар гуна фаҳмида истодаанд. Пурра мефаҳмондед.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, мегуфтед, ки кадом шахс шаҳид мемирад, ман худ ба дигарон мефаҳмонам, лекин онҳо дигар гуна фаҳмида истодаанд. Пурра мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Абудҳамид.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шаҳиди ҳақиқӣ шахсе аст, ки мусулмон, пок ва болиғ буда, зулман қатл шудааст ва пас аз ҷароҳат бардоштан аз манофеъи ҳаёт аз қабили хӯрдану ошомидан ва хобидану муолиҷа гирифтан ҳеҷ баҳрае набурда бошад, яъне ба маҳзи задан фавтидааст. Дигар ин ки дар баробари ин қатл мол воҷиб нашавад, балки бар қотили ӯ қисос воҷиб гардад. Пас касе, ки бо шартҳои мазкур ба қатл расад, бидуни ғусл додан ва шустани хуни баданаш кафан карда шуда, бар ӯ намози ҷаноза мегузоранд ва дафнаш мекунанд. Аммо шаҳиди ҳукмӣ касе аст, ки ба қатл расида, вале пеш аз маргаш аз манофеъи ҳаёт баҳрае бурда бошад. Касоне, ки ба сабаби беморӣ, садамаи нақлиётӣ, ғарқ шудан, зери девор мондан, сӯхтан ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд мефавтанд, шаҳиди ҳукмӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин зане, ки бар асари таваллуди фарзанд ва ё дар ҳолати ҳайзу нифос ва ҳомила будан мефавтад, шаҳиди ҳукмӣ мебошад. Шаҳиди ҳукмӣ бар хилофи шаҳиди ҳақиқӣ ғусл дода мешавад ва бар ӯ низ намози ҷаноза гузорида шуда, дафн мегардад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 39).